10 сабабҳои истифодабарии опсияи Empty legs

Ҳамаи моён боҳашаматиро дӯст медорем, маҳз доираи сарфакориамонро мавзӯъи рухсат тағӣир мегардонад. Операторони чартерӣ баҳри зарбазанӣ ба буҷаи оилавӣ саҳми хешро гузошта, пешниҳодҳои хеле шавқоварро доир ба иҷораи ҳавопаймоҳои шахсӣ таклиф мекунанд, ки барои ба ҷаҳони боҳашаматӣ, бароҳатӣ ва хизматрасонии ҷиддӣ дахлдор шудан мусоидат менамояд. Вале на ҳамаи моён имконияте дорем, ки ҳавопаймои шахсиро ба иҷора гирем ё бихарем, то ин ки ба тарзи зиндагии ҷаҳондорони имрӯза дахлдор шавем.

Мутаассифона, ин ҳолат сайёҳони зиёдро ба андеша мерасонад, ки тақдири бедавои онҳо ин чипта ба ҳавопаймои хатсайрҳои ҳавоии тиҷоратӣ мебошад. Вале агар шумо ба шахсоне, ки на танҳо суръати сафарнамоӣ дар ҷаҳон, балки беназирии тариқаҳои пешниҳоднамудаи бозорро арзёбӣ мекунанд, тааллуқ доред, шуморо хабарҳои беҳтарин интизоранд: иҷораи рейси гузарониданӣ аз опсияҳои беҳтарини ҳарду ҷаҳон ҳаловат бурданро имконият медиҳад. Имрӯз мо дар бораи 10 сабаби фантастикӣ барои ба туфайли нақшаи empty legs ба ҷаҳони боҳашаматӣ қадам мондан сухан мекунем.

Барои шахсоне, ки ҳоло намедонанд, шарҳ медиҳем, ки мавҳуми empty legs чӣ маъно дорад?

Empty Legs with Aviav TM

Empty legs – ин мавҳуми авиатсионӣ буда, барои ишорат кардани парвозҳои бемусофиру бебор истифода карда мешавад. Дар сегменти парвозҳои чартерӣ ин одатан ба рейсҳои гузарониданӣ, яъне ба рейсҳое, ки зимни онҳо ҳавопаймои шахсӣ аз рейси расман баиҷорагирифташуда бармегардад, тааллуқ дорад.

Аксарият сарчашмаҳои экспертӣ иҷораи ҳавопаймои шахсиро аз $1500 то 3000 барои як соати парвоз нарзгузорӣ мекунанд. Дар сурати парвозҳои байналмилалӣ чунин рақам бинобари мушкилиҳои гумрукию сарҳадӣ метавон зиёд бошад. Агар ба ғайр аз худи парвоз шумо ба хизматрасониҳои иловагӣ, масъалан бутерброд бо моҳитухми сурх ё ин ки ба назди зинапояи ҳавопаймо тариқи автомобили шахсӣ имконияти наздик шудан, ниёз дошта бошед, нархнома бешубҳа боз меафзояд. Албатта, барои миллиардони долларӣ маблағи ҷамъбастӣ ночизона ба назар мерасад, вале баъзан ба миллионерони «оддӣ» ва ба шахсоне, ки тариқи дараҷаи тиҷоратӣ парвоз карданро одат карданд, хароҷотҳо метавон назаррас мушоҳида карда шаванд. Ба охирон нақшаи парвозҳои empty leg кӯмак карда метавонад, ки ба онҳо операторони чартерӣ тахфифҳои назаррасро пешниҳод менамоянд. Сабаби ин иқдом бисёр оддӣ аст: имконияти гирифтани даромади иловагӣ, бархилофи аз даст бой додани маблағ.

Ин маҳз оне мебошад, ки моро ба сабаби якӯми афзалшумории иҷораи empty leg наздик мекунад.

Нархҳои беҳтарини парвозҳои индивидуалӣ

Пеш аз ҳама, сабаби беҳтарини иҷораи рейси холӣ аз он ифода меёбад, ки ҷиҳати истифода бурдани нархи боварнадоштаи паст ба ҷои оне, ки одатан аз ҳад зиёд гарон мебошад, имконият пайдо мегардад. Вақте, ки операторони чартерӣ барои рейсҳои бозгашту гузарониданӣ нархҳоро паст мекунанд, нархнома баъзан ба 80-90% нисбат ба иҷораи стандартии джет коҳиш ёфта метавонад. Ин тарзи фантастикии сарфаи маблағ бо нигоҳдории афзалиятҳои мусофири ҳавопаймои шахсӣ мебошад.

Дар яке аз мақолаҳои рӯзномаи британии The Guardian мисол оварда мешавад, ки як мусофиркаш нархи empty-leg-ро то ба $330 баривази нархномаи ҳайратангези $17 500 паст карда буд, яъне сарфа бо назардошти ҳамаи пардохтҳои иловагӣ ва комиссияҳо аз $17 000 гузаштааст.

Сарфаи беназир зимни парвозҳои гурӯҳӣ

Парвозҳои чартерӣ сарфаи калонро барои гурӯҳҳое, ки ҳавопаймои шахсиро барои истифодабарии муштаракӣ ба иҷора мегиранд, дар назар дорад. Агар мусофиркаши ҳавоӣ тахфифро то ба 80% пешниҳод мекунад, дар ин сурат дисконт одатан барои тамоми рейс дода мешавад. Гурӯҳҳое, ки empty leg-ро ба иҷора мегиранд, ҳуқуқ доранд, ки чунин тахфифҳою бонусҳоро интизор шаванд, ки дар натиҷа парвоз тариқи ҳавопаймои шахсӣ аз чиптаи рейси ширкати ҳавоии мунтазамии тиҷоратӣ арзон мешавад.

Барои шахсоне, ки барои истироҳат якҷоя бо кулли оилааш сафар мекунанд, имконияти сарфакунӣ зимни парвоз доимо бомантиқ мебошад. Ба таври абстрактӣ хароҷотҳоро байни тамоми мусофирон тақсим кардан мумкин ва дар ин сурат ҳавопаймои шахсӣ воқеъан ҳам ба хароҷотҳои парвози тиҷоратӣ мутобиқ шуда метавонад. Мисоли дар боло овардашударо истифода карда ($330), чор рафиқе, ки барои истироҳат сафар мекунанд, хароҷотҳоро байни худ чунин тақсим карда метавонанд, ки саҳми ҳар яктоашон тахминан $83-ро ташкил мекунад ва аз пешниҳоди мазкур даст кашидан хеле мушкил мебошад.

Як омиле, ки ба назар бояд гирифта шавад, дар ин ҷо мавҷудаст: чӣ қадар ҷойҳои нишаст дар ҳавопаймо вуҷуданд, инқадар чартер гарон мегардад. Тахфифҳо ҳатто барои джети калон ҳам назаррас шуда метавонанд, вале нархи ниҳоӣ аз талаботи шумо, хатсайр ва шартҳои махсус (мисли хӯрок дар киштӣ ё парвоз ба макони иқлимии вазнин) вобаста мебошад.

Имконияти дар ҳаво вақти камтар қарор доштан

Рейсҳои чартерӣ мисли экспресс-рейсҳо фаъолият мебаранд: онҳо зимни хатсайр ист намекунанд, ба истиснои сабабҳои махсус (масъалан, бо сӯзишворӣ таъмин шудан, хизматрасонии техникӣ, боркунии об, шинонидани мусофирон ва ғ.). Ин барои шумо чун мусофир чӣ маъно дорад – шумо вақти минималиро барои то ба ҷои таъиншуда рафта расидан сарф менамоед.

Барои соҳибкорону сайёҳоне, ки ба масоҳати хеле наздик ё ин ки хеле дур парвоз мекунанд, чунин афзалият вақти парвозро метавонад назаррас кам кунад (баъзан ба як чанд соат). Шумо метавонед вақти зиёдро дар ҷои таъиншуда ё ин ки дар рухсатӣ гузаронед, ва вақти камтарро дар фурудгоҳҳо ва дар ҳаво аз даст бой диҳед.

Навбатҳои дароз мавҷуд нестанд

Ба рейси байнамилалӣ сафар мекунед? Ҳатто агар шумо сарҳадро тариқи ҳавопаймои шахсӣ убур мекунед ҳам, пеш аз воридшавии қонунӣ ба аксарият давлатҳои хориҷӣ, ба шумо зарур аст, ки бо кормандони гумруқ ва хадамоти бехатарии фурудгоҳҳо мулоқот кунед. Ба ҷои он, ки дар навбатҳои дароз интизор шавед, ки аз сканери хадамоти бехатарӣ шармонона гузаред, шумо метавонед ба минтақаи алоҳидаи мусофирони ҳавопаймоҳои шахсие, ки дар аксарият бандарҳои ҳавоӣ вуҷуд доранд, ворид шавед.

Вақти дақиқе, ки шумо дар навбат мегузаронед, аз шумораи мусофирони рейси мазкур, на аз шумораи одамоне, ки дар фурудгоҳ парвози худро интизоранд, вобастагӣ дорад. Ҳатто агар шумо тариқи ҳавопаймои шахсӣ дар ҳайати гурӯҳ парвоз мекунед, шумо барои санҷиши бехатарӣ, нисбат ба мусофирони киштиҳои тиҷоратӣ, дар ҳар сурат вақти камтарро сарф мекунед. Бовар кунед, ки аз чунин ҷараён мисли санҷиши бехатарӣ ҳам, бо шарти бидуни мушкилиҳою асабиҳо гузаштани он, ҳаловат бурдан мумкин аст.

Таҷрибаи нотакрору бошаҳамати интизорӣ

Дар аксарият фурудгоҳҳои бузурги ҷаҳон минтақаҳои интизоршавии мусофирони ҳавопаймоҳҳои шахсӣ вуҷуд доранд. Дар чунин бандарҳои ҳавоӣ монанди LAX (Лос-Анджелес, ИМА), минтақаҳои мазкури интизоршавӣ мисли худи таҷрибаи парвоз дар ҳавопаймои шахсӣ боҳашамат мебошанд.

Терминал ва минтақаи лаунжии фурудгоҳи LAX – мисоли олиҷаноби боҳашаматию бароҳатӣ мебошанд, ки дар бораашон ҳатто дар маҷаллаҳои Vanity Fair ва Forbes мақолаҳо нашр шуда буданд. Ҳарду нашрияҳо қайд менамоянд, ки терминали шахсии LAX нисбати багоҷи мусофирон ғамхории самимиро зоҳир менамояд ва омодагии пешазпарвозӣ дар ин ҷо ба осонию асабишавии минималӣ гузаронида мешавад.

Имконияти аз анбӯҳ халос хӯрдан

Вақте, ки шумо иҷораи рейси гузаронидании empty leg-ро қарор кардед, донед, ки аз ҷиҳати бароҳатию самаранокӣ парвози мазкур аз иҷораи стандартии ҳавопаймои шахсӣ ягон камбудие надорад. Ба терминали шахсӣ, минтақаи интизоршавӣ, имконияти гузаштани таъҷилии ҳамаи санҷишҳо ва, дар баъзе ҳолатҳо, тариқи лимузин ба худи зинапояи ҳавопаймое, ки шуморо интизораст, наздик шудан, рухсат дошта, шумо аз он чизе, ки аксарияти мусофирон қатъиян нафрат мекунад – тӯдаи чунин мусофирон, халос хӯрда метавонед. Ин ҳолат маҳз дар рӯзҳои ид ва дар мавсимҳои фаъолиятнокии ниҳоии саёхатӣ, ки дар он вақт фурудгоҳҳои байналмилалӣ аз ҳад зиёд банд мебошанд, арзишнок мебошад.

Дигар мусофирон мавҷуд нестанд

Дар бисёр ҳолатҳо гумон карда мешавад, ки парвоз дар канори киштии ҳавоӣ – ин асабишавии перманентӣ мебошад: дар наздикӣ кӯдак гиря мекунад, додарону хоҳарон баҳсу ҷанҷол доранд, касе дар паҳлуи шумо тариқи телефон баланд сухан мекунад ва бо шахсе ҳамшафати хеш барои дастмонаки курсӣ шумо мубориза мебаред. Зимни рейси гузаронидании баиҷорагирифтаи empty leg  дар наздикиатон мусофироне, ки шуморо ғам дода метавонанд, ҳузур нестанд, албатта, агар шумо бо худ тӯдаи рафиқонро даъват накунед.

Зимни парвозҳои шабонакии дурудароз чунин омил байни истироҳати пурқимат ва бетартибии ҷиддӣ метавонад тафовути бузург дошта бошад.

Пурра барои тиҷорат мутобиқ аст

Тариқи рейси бозгашт якҷоя бо гурӯҳи ҳамкоронатон парвоз мекунед? Оромӣ, танҳоӣ ва бесадоӣ дар осмон ҷиҳати давом додани кор ба шумо имкониятҳои ҷиддиро мебахшанд. Вақтро дар ҳаво ба ихтиёри худ гузаронед: вохӯриро ташкил намоед, истироҳат кунед, таом хӯред, аз хоб сер шавед, медитатсия кунед, на бо мақсади гузаронидани вақт дар курсии тангу нофорам кор кунед.

Ҳамчунин, аз ёд набароред, ки дар аксарияти ҳавопаймоҳои шахсии муосир Wi-Fi-и ройгон ва дигар хушиҳои коммуникатсия мавҷуданд. Агар шумо зарурияти ҷиддӣ барои ба итмом расонидани кор бо ҳуҷҷатҳо доред, ҷиҳати бароҳат гузаронидани вохӯрӣ, шумо ягон мушкилие намекашед, то ин ки инро ба амал тадбиқ намоед.

Бароҳатии баландшуда

Бароҳатӣ – яке аз сабабҳои асосии баиҷорагирии empty leg  ва дасткашӣ аз арзонии нисбатании рейсҳои тиҷоратӣ мебошад. Ҳавопаймоҳои шахсии аксарияти навъҳою ҳаҷмҳо курсиҳои хеле қуллай, масоҳати калон барои пойҳо, имконияти ба қафо фаровардани пуштиҳои ҷои нишаст, ҳоҷатҳонаҳои кушод, барои рост истодану даруни канор барои ёзондани пойҳо каме қадам задан масоҳати кифояро доранд. Ғайр аз он, дар кишти душ-кабинаҳо ё ҳамом (албатта, вобаста аз киштии ҳавоӣ) вуҷуд доранд.

Агар, тариқи рейси ҳавоии тиҷоратӣ парвоз карда, шумо аз зинапояҳои ҳавопаймо ҳасташуда, бедорхоб бо мушакҳои варамшуда мефароед, дар хоимаи парвози empty legs шумо худро дамгирифта, оромшуда ва барои ҳама он чизе, ки дар ҷои таъиншуда шуморо интизор аст, омодашуда эҳсос мекунед.

Мисли подшоҳ зиндагӣ (ва парвоз) кардан!

Ва сабаби охирин, вале муҳимтарини баиҷорагирии empty legs: шумо инро сазовор мебошед!

Дар канори ҳавопаймои шахсӣ парвоз  кардан – қуллаи боҳашаматию гедонизм мебошад!

Аз лаҳзаи ҳозиршавиатон ба фурудгоҳ, аъзоёни дастаи ҳавоӣ ҳамаи ғамхориҳоро нисбати шумо бар зиммаи худ мегиранд. Онҳо багоҷ бурданро кӯмак мекунанд, хабардории шуморо аз ҷой ва вақти баромадани ба канор месанҷанд, аз бароҳатии шумо дар киштӣ хабардор мешаванд ва, дар баъзе ҳолатҳо, хизматрасониҳои иловагиро таъмин менамоянд.

Вақте, ки шумо дар канори ҳавопаймои шахсӣ қарор доред, шумо мисли маркази ҷаҳон эътироф карда мешавед. Аз шампан ва таомҳои бомаза ҳаловат баред, абрҳои тааҷҷубоварро омӯзед, каме хоб кунед, филмҳои дилписандаатонро тамошо кунед ё ҳамту аз шароити бароҳату форам лаззат баред. Якҷоя бо дастниҳоли хонагӣ ё кӯдакони хурдсол парвоз карданро нақша доред? Аксарият брокерони чартерӣ воситаҳои заруриро доранд, то ин ки зимни парвоз онҳоро машғул кунанд.

Мусофири ҳавопаймои шахсӣ буда, шумо сервиси беназир, ғамхорӣ ва хизматрасонии дараҷаи якӯмро эҳсос мекунед. Рейсҳои чартерии муқофотӣ имконият медиҳанд, ки шумо парвозҳои зуд-зудро бо бароҳатию сатҳи минималии асабишавӣ ба амал расонед, дар баробари ин, рейсҳои empty leg қисми зиёди бонусҳои номбаршударо нигоҳ медоранд ва сарфаи назаррасро зимни сафар имконпазир мегардонанд. Дар ҷаҳон тариқи ҳавопаймои шахсӣ саёҳат карда, барои худ ҳамаи беҳтаринро интихоб кунед.