3 роҳи оддии сарфакорӣ зимни иҷораи рейси гузарониданӣ

Баро мусофироне, ки ба бароҳатӣ ва боҳашаматии авиатсияи шахсӣ одат карданд, чунин опсия мисли empty legs – нақшаи дериншинос мебошад. Новобаста аз ин, барои онҳое, ки дар бораи ҳавопаймоҳои шахсӣ маълумоти бавосита доранд ва ба ин муҳит тааллуқ надоранд, истилоҳи empty leg дар бораи чизе зиёд шаҳодат намедиҳад. Агар ҷиддан оддӣ гӯем, операторони чартерие, ки маҷбуран киштиро аз як шаҳр ба дигар шаҳр бе мусофирон сафарбар мекунанд, соддона киштиро бо нархи пасткардашуда ба иҷора медиҳанд, то ин ки шумо аз бароҳатии авиатсияи шахсӣ ҳаловат баред ва сатҳи хароҷотҳои истифодабарӣ паст гардад.

Рейси empty legs барои чӣ ба иҷора хоҳад гирифт?

Аз 7 млрд одамоне, ки дар сайёраи Замин зиндагӣ мекунанд, зиёда аз 8 млн ҳаррӯз ба канори ҳавопаймоҳо савор шуда, ба осмон мераванд. Агар онҳо ҳавопаймои шахсиро ба иҷора нагирифтаанд, эҳтимолан бо нороҳатӣ саёҳат мекунанд. Тибқи яке аз тадқиқотҳои охирин, 41% мусофирон қайд намудаанд, ки вусъат додани масоҳат барои пойҳо пешравии аз ҳама беҳтарини саноати ҳавоӣ ҳтсобида мешавад. Бешубҳа, ҳамаи онҳоро дилмонии ҷиддӣ интизораст. Масоҳати озод барои пойҳо дар ҳавопаймоҳо зудтар аз об дар биёбон гум шуда истодааст.

Ин танҳо яке аз сабабҳои зиёде мебошад, ки бинобари онҳо сайёҳони таҷрибадор имкониятро ҷустуҷӯ мекунанд, ки тариқи рейси гузаронидании ҳавопаймои шахсӣ парвоз кунанд. Мизоҷони эҳтимолии асосӣ намедонанд, ки чӣ тавр рейси empty legs-ро ба иҷора хоҳад гирифт, вале як чанд роҳҳое ба назар мерасанд, ки гирифтани бонусҳои максималиро аз ҳолати бавуҷудомада имконият медиҳанд.

Маблағро зимни сафарҳои стандартӣ сарфа кунед

Агар шумо аз парвозҳо тариқи рейсҳои ширкатҳои ҳавоии тиҷоратӣ хаста гаштаед, ҳама вақт вуҷуди парвозҳои бозгаштии ҳавопаймоҳои шахсии дастрасро то ба бронкунии чиптаҳо бисанҷед. Албатта, дарёфт кардани рейси озод дар хатсайри зарурӣ наҳамавақт имконпазир мегардад, вале агар шумо мунтазам парвоз кунед, аз он боварӣ доред, ки чунин масаъла танҳо масъалаи муваққатӣ мебошад. Ба тарзи миёна, соҳибкорон тахминан 15 маротиба муддати як нимсола дар ҷаҳон саёҳат мекунанд. Ва шумораи рейсҳои гузарониданиро дар лаҳзаи дақиқи вақт, маҳз байни шаҳрҳои машҳури ҷаҳон, дониста, ҳамавақт зарур аст, ки вуҷуди парвозҳои гузаронидании empty legs пеш аз бронкунии чиптаҳо санҷида шавад.

 

Агар шумо бо масъалаҳои корӣ саёҳат ё ин ки ба истироҳати оилавӣ сафар карда истодаед, вуҷуди рейсҳои гузаронидании дастрасро бисанҷед.

Что такое Empty legs?

Худбахуд будан

Чизе зиёд шавқовару баихтилофе аз банақшагирии худбахуди саргузашт ё рухсатӣ нест. Новобаста аз ин, ҷустуҷӯи «чиптаҳои таъҷилӣ» метавон гарон ва мушкиловар гардад. Ба ҷои ин аз аксияҳо ва пешниҳодҳои операторони чартерӣ бохабар бошед – касе намедонад, ки кадом вақт empty legs-и озод пайдо мешавад, то ин ки шуморо то ба ҷои рухсатии орзуатон бирасонад.

Хабардор бошед, дар тамос бимонед, огоҳиҳоро кабул намоед

Агар шумо ҳарзамон саёҳат мекунед, давоми рӯз чанд дақиқаро ҷудо намоед, то ин ки дар як ё ин ки як чанд сомонаҳои брокерони чартерӣ ба қайд гирифта шавед. Шумо имконияте пайдо мекунед, ки аз пешниҳодҳои актуалӣ бохабар бошед ва саривақт рейси гузарониданиро ба иҷора гиред.

Масъалан, шакли сомонаи моро истифода бурда, шумо метавонед рейсҳои дастрасро назар кунед, намуди киштӣ, шумораи ҷойҳои нишаст, фурудгоҳҳои омаду рафтро интихоб кунед ва, ҳамчунин, хизматрасониҳои иловагиро дархост кунед. Ғайр аз он, шумо метавонед маълумотҳои тамосии худро бимононед ва хабарҳоро ё дар бораи ҳамаи рейсҳои бозгаштӣ ё хатсайрҳои муайян аз шахрҳои аниқ қабул намоед. Ҳамин тавр, танҳо ду дақиқаро сарф намуда, шумо метавонед рейсҳои гузарониданиро бо нархҳои пасткардашуда, дар сурати дастрасии онҳо ба иҷора, истифода баред.

 

Шояд барои сарфаи маблағ ва бурдани ҳаловат аз боҳашаматию бароҳатии авиатсияи шахсӣ, ғайр аз истифодабарии парвози empty legs дигар роҳи қулайтар вуҷуд надорад.

 

Муаллиф – Шошина Олга