Blog

5 саволе, ки то ба бронкунии рейси гузаронидании empty legs бояд дод

Яке аз афзалиятҳои зиёди авиатсияи шахсӣ ин имконияти сарфаи маблағ тавассути иҷораи рейси гузарониданӣ ё ин ки empty leg мебошад.

рейса empty legs

Рейси холӣ ин парвози бозгашт мебошад, ки онро сарнишинон пас аз ба ҷои таъиншуда кашонидани мусофир бояд амалӣ намоянд. Одатан, ширкатҳои калон як қатор рейсҳоро ба самтҳои гуногуне, ки барои бронкунӣ муддати ҳар кадом рӯз амалан дастрас мебошанд, пешниҳод карда метавонанд.

Афзалияти иҷораи рейси empty legs дар он ифода меёбад, ки опсияи мазкур сарфаи назарраси маблағҳоро мусоидат мекунад, зеро рейси гузарониданӣ нисбат ба парвози стандартӣ арзиши хеле пастро дорад. Вале, пеш аз инро ба амал тадбиқ намудан, муҳим аст омилҳоеро, ки ба парвоз таъсир расонида метавонанд, бифаҳмед.

Ин панҷ саволҳое мебошанд, ки шумо пеш аз иҷораи рейси гузарониданӣ бояд диҳед.

  1. Аз куҷо ҳавопаймои шахсӣ парвоз мекунад ва дар кадом вақт он ба фурудгоҳи парвозкунии ман меояд?

Бар хилофи рейси оддатии шахсӣ, empty legs, яқинан, аз фурудгоҳе, ки аз фурудгоҳи қарордории шумо фарқият дорад, парвоз мекунад. Ҳамин тавр, вақти парвози шумо аз ҳозир шудани ҳавопаймо ба бандари ҳавоии парвозкуниатон вобаста мебошад; ҳавопаймо, бархилофи тартиботи иҷораи стандартии джет, омадани шуморо ба фурудгоҳ интизор намешавад.

  1. Агар ҷадвал тағӣир дода шавад, хоҳишҳои ман нисбати вақти парвози рейси бозгашт оё ба инобат гирифта мешаванд ё не?

Агар шумо парвозро ба як тараф брон мекунед, вақти парвоз бо ҷадвали шумо мувофиқат карда мешавад. Вале, агар шумо рейси гузарониданиеро, ки бо вақти парвози мусофири қаблӣ устуворона пайваста мебошад, брон кунед, нархи минбаъда, дастрасии ҳавопаймои шахсӣ ва ҷадвали парвоз метавонанд дар ҳолати интизорӣ, ҳатто то ба хотимаи парвози асосӣ, қарор дошта бошанд.

  1. Агар мусофири асосӣ аз парвозаш даст кашад, тариқаҳои ман чӣ гуна ҳастанд?

Чӣ тавре ки дар боло қайд гардида буд, аз лиҳози он, ки рейси гузарониданӣ аз мусофирони хатсайри асосӣ вобаста мебошад, вуҷуди ҳавопаймо ва ҷадвали парвоз метавонанд то ба лаҳзаи охирин номуайян бошанд. Агар рейси ибтидоӣ қатъ гардад, ақидаи бомантиқ аст, ки рейси гузарониданӣ низ ба таври автоматикӣ зарурнабуда ҳисобида мешавад. Дар ин ҳолат шумо метавонед, «пешниҳоди фавқулоддаи» иҷораи ҳавопаймои шахсиро истифода баред. Вале дар назар доред, ки нархҳо набояд ба empty legs мутобиқ бошанд.

 4. Оё нархи устувор барои рейси гузарониданӣ кафолат дода мешавад ё не?

Бинобари теъдоди зиёди омилҳои тағӣирёбанда, мисли обу ҳаво, хатсайр, дастурҳои диспетчерон ва, ҳамчунин, дермонии рейсҳо, мусофиркаш нархи устуворро барои ҳар кадом парвоз кафолат дода наметавонад. Новобаста аз ин, шумораи асосии чартерҳо тибқи тарофаҳо ба амал расонида мешаванд, вале баъзан нархи ниҳоии иҷораи ҳавопаймои шахсӣ бо сабаби дастурҳои маркази авиатсионӣ-техникӣ, раъду барқ ва ғ. тағӣир меёбад.

Дар ҳолати тағӣирёбии ғайринақшавии ҳар кадом омилҳо, мусофиркаши таҷрибадор роҳи ҳали масъалаеро, ки аз ҳама беҳтар ба хатсайри шумо ва буҷа муносиб бошад, ҷустуҷӯ менамояд.

  1. Ин қадар номаълумаҳоро ба назар гирифта, чӣ тавр ва чаро рейси гузарониданиро ба иҷора гирифтан мақсаднок аст?

Новобаста аз вуҷуди омилҳое, ки ба ҷадвали корӣ ва худи хоҳиши бо рейсҳои холӣ кор доштан таъсир расонида метавонанд, чун афзалияти асосии empty leg, чун пештара, фасеҳии нархгузорӣ боқӣ мондааст.

Агар шумо ниёз доред, ки дар вақти ҷиддан дақиқ ба вохӯрии тиҷоратӣ ё ин ки дигар чорабинӣ бирасед, рейси холӣ набояд, ки тариқаи беҳтарини шумо бошад. Вале, агар шумо ба рухсатӣ, ба меҳмонии дӯстон ё хешовандон ё ин ки ба дидор парвоз карда истодаед, ки ин чорабиниҳо талаботи вазнинро надоранд, бронкунии рейси empty leg то ба ҷои таъиншуда бо ҳаловату ҳашамати максималӣ, бо нархе аз арзиши чиптаи ҳавоии дараҷаи якӯм эҳтимолан пастбуда, расида рафтанро имконият медиҳад.

Агар шумо иҷораи ҳавопаймои шахсиро ба вақти рухсатии навбатӣ ё ин ки сафари тиҷоратӣ хоҳиш доред, ва дар баробари ин ҷадвали кориатон озод мебошад, вуҷуддорӣ ва нархҳои рейсҳои гузарониданиро дар сомона худи ҳозир бисанҷед.

Муаллиф – Шошина Олга

Did you like this? Share it!