Blog

Empty Legs: як чанд маслиҳатҳо барои истифодабарандагон

Вақте, ки ба оператори чартерӣ зарур аст ҳавопаймои шахсиро ба ҷои иҷрои парвози навбатӣ гузаронад, чунин парвоз ба таври холигӣ, яъне бидуни мусофироне, ки парвозро пардохт намудаанд, амалӣ мегардад (яъне, «ҷонҳои мурда» парвоз мекунанд). Мизоҷе, ки парвози ибтидоиро амал кард, одатан, ақаллан як қисми хароҷотҳоро барои бозгашти ҳавопаймо подош намудааст, бинобарин ҳар даромаде, ки тариқи рейси ҳолӣ ё ин ки empty legs генератсия мешавад, ба мусофиркаш фоидаи иловагиро ба даст меоварад. Аз ин сабаб операторони чартерӣ имконият доранд, ки рейсҳои мазкурро ба истифодабарандагони ниҳоӣ бо нархҳои пасткардашуда пешниҳод кунанд. Тибқи баъзе маълумотҳо, тахминан 40% ҳамаи рейсҳои авиатсияи шахсиро empty legs дарбар мегирад.  Акнун, зиёда аз пештара, брокерони беруна, ки афзалиятҳои шабакаи умумиҷаҳониро истифода мебаранд, рейсҳои холии ҳаргуна операторонро ҷамъ карда ва ба ҷомеаи васеъ пешниҳод намуда, тавонистанд ба бозӣ дароянд.

Рейси empty legs-ро дар дақиқаи охирин метавон брон кард ва ҳарзамон пешниҳодҳои аз ҳама фоидаовар дар самтҳое, ки таърифию шавқовар ҳисобида намешаванд, ба назар мерасанд. Масъалан, дар ШМА барои авиатсияи шахсӣ рӯзи аз ҳама бандбуда рӯзи охирини ҷоми футболи амрикоии Super Bowl ба ҳисоб меравад ва дар ин рӯз рейсҳои зиёди холӣ аз шаҳри гузаронидани ҷоми мазкур парвоз мекунанд. Пас аз як рӯз дар ин самт аллакай пешниҳоди empty legs-ро дарёфт кардан мушкил аст.

Умуман нақшаи empty legs-ро чун ҷараёни ба ҳарду тараф фоиданок, ҳам барои мусофир ва ҳам барои оператори чартерӣ, номидан мумкин аст: яъне барои шумо тахфифи хурсандиовар ва барои мусофиркаш даромади ногаҳон ба назар мерасанд. Вале, мисли аспектҳои бисёри авиатсияи шахсӣ, хараҷотҳои молиявӣ набояд, ки нишонаи асосии шумо бошад. Ин танҳо чанд омилҳое мебошанд, ки пеш аз иҷораи рейси гузаронидании empty legs бояд баррасӣ карда шаванд.

  1. Ташвиши аввалиндараҷаю асосии шумо – ин бехатарӣ аст. Тамоми маълумоти вуҷуддоштаро дар бораи оператори чартерӣ, мусофиркаши ҳавоӣ, навъи киштии ҳавоӣ ва экипаже, ки шуморо зимни парвоз ҳамроҳӣ мекунад, аниқ намоед. Оё онҳо сертификатҳои бехатариро, масъалан Wyvern ё ARG/US-ро доранд ё не? Чанд соати парвозро дар ҳавопаймои дақиқ сарнишинони мазкур таҷриба доранд? Бо чӣ гуна электроника ва дигар таҷҳизотҳои системаи бехатарӣ киштии ҳавоӣ ҷиҳозонида шудааст?

 

  1. Пешниҳодҳои зиёди empty leg дар бораи намуду навъи ҳавопаймои шахсӣ, санаи дақиқ ё ин ки доираи санаҳои парвоз ва, ҳамчунин, шаҳрҳо / фурудгоҳҳои омаду рафт маълумот доранд. Ҳарзамон вақт, сана ва локатсия барои муайян намудани доираҳои умумӣ нишона мебошанд, аммо дар системаи empty leg фасеҳӣ низ баҷо мебошад. Ягона, ба инобат бояд гирифта шавад, ки басозишдарориҳо бевосита ба нархгузорӣ таъсир мерасонанд (фасеҳии зиёд = нархи зиёд).
  1. Онро аз ёд набароред, ки рейси empty legs метавон барҳам хӯрад. Агар парвози ибтидоӣ қатъ гардад, дар ин ҳолат хатсайри бозгашт ба таври автоматикӣ бекор карда мешавад. Мутаассифона, чунин ноустуворӣ яке аз шартҳои созиш мебошад, ки бинобарин аз эҳтиёт ба шумо нақшаи В зарур мебошад. Одатан, иҷораи рейси гузарониданӣ ба онҳое, ки ба санаҳою вақти устувор вобаста мебошад, тасвия дода намешавад. Барои кафолати парвоз аз рӯи тарофаи пурра пардохт бояд кард.

 

  1. Нархгузорӣ дар бисёр ҳолатҳо чун ҳадафи музокирот шуда метавонад. Баъзе операторони чартерӣ ҳатто ауксионро ташкил мекунанд: рейси бозгаштро он шахс брон карда метавонад, ки маблағи зиёдтарро пардохт кунад. Вале нархҳои ночизи ошкороро интизор нашавед (маҳз, дар ҳолате, ки ин аз ҳад зиёд шавқовар ба гӯш мерасад). Муайян кунед, ки рақами пешниҳоднамудаи оператор ниҳоӣ ва устувор мебошад. Дар акси ҳол хусусият ва миқдори ҳар кадом хароҷотҳои иловагӣ / тағӣирёбандаро маълум кунед.

 

  1. Дар баъзе ҳолатҳо ширкатҳое, ки парвози empty leg-ро реклама мекунанд, нақши далолро бозида, ба гардани мусофиру мусофиркаши ҳавоӣ ҳаргуна боҷҳоро бор мекунанд. Муайян кунед, ки дар асл шумо бо ки шартнома баста истодаед. Бешубҳа шумо намехоҳед, ки дар сурати пайдо шудани ягон мушкилӣ, далолу оператор айби хешро эътироф накарда, ба якдигар ишора кунанд.

 

Умуман, саросима нашавед ва аз тахфифи рекламавӣ саргаранг набошед, то ин ки зиракиро аз даст надиҳед. Ин харидани таъҷилии чиптаҳои Groupon нест. Шумо ҳаёти хеш ва оилаатонро ба дасти оператор, ҳавопаймоии шахсии ӯ ва сарнишинон месупоред. Доимо се қоидаи муҳимро дар ёд доред: «Бехатарӣ аз ҳама муҳим аст», «Зиракии мизоҷӣ» ва «Ба таври хаттӣ тартиб додани ҳамаи созишҳо».

 

Эзоҳ: агар шумо барои парвози яктарафа тарофаи пурраро пардохт мекунед, бо оператор созиш намоед, ки дар сурати ба сифати empty legs фурӯхта шудани рейси бозгашт, ба шумо тахфифи қисмавӣ ё ин ки пуррагӣ пешниҳод карда мешавад.

 

Дар поён мисолҳои рейсҳои гузарониданӣ нисбат ба нархҳои стандартии иҷораи ҳавопаймои шахсӣ оварда шудаанд.

 

Хатсайр Намуди ҳавопаймои шахсӣ Доираи нархҳо барои иҷораи рейси гузарониданӣ Доираи нархҳо барои иҷораи стандартии ҳавопаймои шахсӣ
Ню-Йорк – Флорида Ҳавопаймои сабук $7500-9000 $11 000-15 000
Ню-Йорк – Флорида Ҳавопаймои миёна $9000-12 000 $14 000-20 000
Ню-Йорк – Флорида Ҳавопаймои миёнамагистралӣ $14 000-20 000 $18 000-28 000
Ню-Йорк – Флорида Ҳавопаймои дарозмагистралии калон $15 000-25 000 $28 000-45 000
Лос-Анҷелес – Ҳаваӣ Ҳавопаймои дарозмагистралии калон $20 000-35 000 $55 000-75 000
Ню-Йорк – Лондон Ҳавопаймои дарозмагистралии калон $40 000-80 000 $95 000-125 000

Новобаста аз як қатор афзалиятҳои иҷораи рейси холӣ, ҷараёни мазкур рақибони зиёдеро доранд, ки омилҳои манфиро асос мекунанд. Ин хеле тааҷҷубовар аст, зеро бисёри аз онҳо дар соҳаи авиатсияи шахсӣ кору фаъолият доранд. Масъалан, президенти ширкати Magellan қайд мекунад: «Агар сабаби парвози шумо масъалаҳои тиҷорат мебошанд, мо ҷиддан тавсия медиҳем, ки аз иҷораи рейси гузарониданӣ даст кашед. 20-40% сарфаи эҳтимолӣ метавонад мулоқоти муҳимеро, ки нисбат ба фоидаи тасаввурӣ арзиши хеле зиёдро дорад, ба зери  шубҳа дарорад».

 

Ақидаи ӯро намояндаи оператори дигари чартерӣ, ширкати Private Jet Services дастгирӣ мекунад: «99% оне, ки чун рейси гузарониданӣ фурӯхта мешавад, ҳилаи маркетингӣ ё ин ки найранги маъмул мебошад. Ширкатҳои авиатсионии калон корбарии ҷиддӣ мекунанд, ки шумораи рейсҳои холӣ ниҳоятан кам карда шавад, зеро онҳо носамарагии модели тиҷоратии хешро нишон медиҳанд. Ҳамаи инҳоро аломатҳои ширкатҳои якрӯзае, ки дар сегменти авиатсияи шахсӣ дур нахоҳанд монд, ҳисобидан мумкин аст».

 

Худи ӯ илова мекунад: «Рейсҳои empty legs-и мо дар навбати аввал ба мизоҷони доимии ширкат пешниҳод карда мешаванд. Мо мехоҳем, ки дастаи мо ба мизоҷонамон имконияти аввалиндараҷаи истифодабарии парвози репозитсиониро пешниҳод кунад. Нархҳои мо аз он вобастагӣ доранд, ки ба кадом андоза нақшаҳои мизоҷон бо хатсайри рейси бозгашт мутобиқ мебошанд. Мутобиқати идеалӣ имконият медиҳад, ки тахфифҳоро ба миқдори 50-70% аз нархи одатӣ, гирифта шаванд. Вале агар парвози иловагӣ ё ин ки хатсайрҳои алтернативии парвоз зарурият дошта бошанд, тахфиф наонқадар зиёд шуда метавонад».

 

Did you like this? Share it!