Blog

Оё иҷораи рейси гузарониданӣ воқеъан созиши фоидаовар шуда метавонад ё не?

Агар вобаста ба исми мақола ба савол ҷавоб диҳем, баъзан иҷораи рейси гузарониданӣ воқеъан ҳам созиши фоидаовар шуда метавонад ва, ҳақиқатан, он сарфаи маблағро имконпазир мекунад, вале ба шумо зарур аст, ки фасеҳиро зоҳир намоед.

Тибқи харгуна баҳогузориҳо, аз 30% то ба 50% киштиҳои авиатсияи шахсӣ холӣ парвоз мекунанд. Чаро? Бархилофи хатсайрҳои ҳавоии тиҷоратие, ки дар бораи вақти парвоз ва шумораи мусофирон пешакӣ хабардоранд, хатсайрҳоро таҳия мекунанд, рейсҳоро ба нақша мегиранд ва ҷойҳоро мефурӯшанд, дар авиатсияи шахсӣ ҳолати дигар мушоҳида мешавад: киштиҳо мусофиронеро, ки пардохти $15 000-ро барои як соати парвоз пардохт карданро омода ҳастанд, маҷбуранд интизор шаванд. Бомантиқ аст, ки аудиторияи мақсадноки сегментҳои ҳаргунаи авиатсия якхела намебошад ва, бинобарин, расми истифодабарандаи стандартиро тасвир додан хеле мушкил аст.

Бонуси дуюмдараҷаи иҷораи ҳавопаймои шахсӣ рейсҳои empty legs гаштаанд, ки дар оқибати зарурияти бозгашти киштӣ ба фурудгоҳи қарордорӣ ё ин ки ба ҷои вуҷуддории мусофири навбатӣ пайдо мешаванд. Дар баъзе ҳолатҳо рейси нахустин ё гузарониданиро на танҳо истифодабарандаи беруна, балки соҳиби ҳавопаймои шахсӣ ё аъзои клуб, ки дорои джет-корт мебошад, истифода карда метавонад.

Умуман рейси empty legs баъди аз киштӣ фаромадани соҳиб ё мизоҷе, ки тарофаи пурраро пардохт кардааст, ташаккул меёбад ва акнун ба ҳавопаймо зарур аст, ки парвози бозгаштро иҷро намояд. Баъзан, empty legs пас аз ба ҷои таъиншуда оварда расонидани мусофир пайдо мешавад ва баъдан киштӣ ба фурудгоҳи дигар сафарбар карда мешавад, то ин ки мизоҷи навбатиро бигирад. Нақшаи ба Uber монандидошта амалӣ карда мешавад, яъне дар вақте, ки ронанда як мусофирро оварда мерасонад, ҳамон замон фармоиши навбатиро қабул мекунад. Маълумот дар бораи дастрасии empty legs дар бозор метавонад чанд моҳ пеш ва метавонад ду соат пеш аз парвоз пайдо шавад. Одатан, дар бораи парвози бозгашт чанд рӯз пеш аз рейс маълум мешавад.

Дар сомонаи Cofrance SARL (TM AVIAV) дар бораи хатсайрҳои актуалӣ ва нархи онҳо маълумот дархост кардан мумкин. Шумо дида метавонед, ки брокерон ва операторони чартерӣ рейсҳои гузарониданиро бо тахфиф аз 50 то 80% аз нархи парвози стандартӣ мефурӯшанд. Аммо, агар ба назари шумо мерасад, ки созиш бо рейси empty legs нисбат ба ҳақиқат зиёд шавқовартар ба забон гирифта мешавад (вобаста аз он, ки имконияти бавуҷудомадаро шумо чӣ гуна истифода хоҳед бурд) дуруст будани шубҳаҳою гумонҳои шумо эҳтимолияти калонро дорад.

Чаро иҷораи empty legs доимо бо таваккалӣ вобаста мебошад?

Агар мизоҷе, ки парвозро, масъалан, аз Тетерборо (Ню-Джерси) ба Аспен пардохт намудааст, парвозро бекор мекунад, дар ин ҳолат рейси гузаронидании бронкардаи шумо аз Аспен гашта ба Тетерборо низ бекор карда мешавад. Ё ин ки, аз ин бадтар, шумо баракс empty legs-ро аз Тетерборо ба Аспена ба хотири он, ки ҳавопаймо рейси пурраро бояд иҷро мекард, брон кардед, дар сурати тағӣир додани нақшаҳо аз ҷониби мусофири хатсайри ибтидоӣ, парвози шумо ҳар лаҳза то ба парвозкунӣ бекор шуда метавонад.

Ҳамаи ин он маъноро дорад, ки агар шумо ба ҷаҳони рейсҳои гузарониданӣ дахлдор шуданро хоҳиш дошта бошед, фасеҳӣ, хеле фасеҳии бузургро бояд зоҳир намоед. Рейсҳои гузарониданиро бо мақсади расидан ба ҷое, ки шуморо дар рӯзу вақти муайян интизоранд, истифода набаред. Ҳатто, агар empty legs бекор карда нашавад ҳам, аз тағӣиршавии вақти парвоз ҳайрон шудан лозим нест. Оператор ё мусофиркаши ҳавоӣ, ба хотири кифоя истироҳат кардани аъзоёни дастаи парвозӣ барои рейси навбатӣ, метавонанд ба ҷадвал тағӣирот дароранд. Бешубҳа, афзалият ба он мизоҷон дода мешавад, ки иҷораи ҳавопаймои шахсиро тибқи тарофаи пурра пардохт намудаанд.

Агар шумо хоҳиши оддӣ дошта бошед, ки дар ҳафтаи оянда, масъалан, аз Москва ба Нисса сафар кунед ва ба шумо муҳим намебошад, ки дар кадом вақт ё ин ки рӯз, шумо метавонед чиптаи рейси ширкати ҳавопаймоии тиҷоратиро бихаред – дар ин сурат шумо аз имконияти бурдани ҳаловат аз тамоми хушиҳои авиатсияи шахсӣ маҳрум мегардед, аммо маблағи назаррасро сарфа мекунед. Хайрулумури авватуҳо – истифода кардани рейси гузарониданӣ ва дар сурати бекор гардидани он, шумо метавонед ба терминали дигари фурудгоҳ бигзаред ва тариқи киштии хатсайрҳои ҳавоии тиҷоратӣ парвоз кунед.

Омили дигаре, ки доимо ба инобат бояд гирифт – ин мусофиркаш мебошад. Мисли он, ки шумо зимни бо тарофаи пурра иҷора кардани ҳавопаймои шахсӣ, операторон, мусофиркашон, брокерон ва навъҳои киштиҳои ҳавоиро бо диққат месанҷед, аз онҳое, ки ба шумо empty legs-ро пешниҳод мекунад, низ огоҳ бошед. Шумо аз сифати хизматрасониҳо, тақризҳо ва обрӯи далол / ташкилкунанда бояд қаноатбахш бошед.

Муддати солҳои кору фаъолият доштан ва инкишоф ёфтани авиатсияи шахсӣ, операторон кӯшиш карда истодаанд, ки шумораи рейсҳои холӣ кам шавад ва ба бисёриҳо ин муяссар мегардад. Вале, он далеле, ки парвозҳои холии empty legs то ҳол дастрас мебошанд, аз ҷониби худ гувоҳӣ медиҳад, ва доимо бояд дар хотир дошта бошад, ки ба шахсоне барои фасеҳона тағӣир додани нақшаҳои хеш омоданабуда, кор кардани системаи empty legs шубҳанок мебошад.

Новобаста аз он, ки ширкати Cofrance SARL (TM AVIAV) мусофиркаши ҳавоии бевосита дорои киштиҳои хеш ва экипажҳои парвозӣ набуда, дониста мешавад, моён бо як қатор мусофиркашононе, ки рейсҳои самтӣ, бозгашт ва боркашониро ташкил мекунанд, шартномаҳои ҳамкориро бастаем. Бинобарин, агар шумо зарурият доред, ки парвозро ташкил кунед, бо мутахассисони ширкат тамос кунед, то ин ки пешниҳодҳои актуалиро қабул намоед ва оиди шартҳои амалкунанда хабардор шавед.

Муаллиф – Шошина Олга

Did you like this? Share it!