Blog

Тариқи ҳавопаймои шахсӣ парвоз карданро имконияте надоред? Ана чӣ гуна рейсҳои гузарониданӣ орзуҳоро амалӣ мегардонанд

Агар шумо миллиардер, ситораи мусиқии рок ё ин ки магнати нафти кишвари Шарқи Наздик набошед, дар бораи иҷора ва, албатта, харидани ҳавопаймои шахсӣ танҳо орзу карда метавонед.

Воқеъан, парвоз тариқи ҳавопаймо барои шумо бо бедоршавии барвақтӣ, ҳаракат ба фурудгоҳ, истодани дарозмӯҳлат дар навбатҳо зимни санҷиши бехатарӣ, зарурияти мулоқот бо гумрукчиёни бадқавоқ, супоридани иҷбории лавозимотҳои атриётӣ ва дермонии доимии парвозҳо вобастагӣ дорад. Вале роҳи дигаре, ки истифодабарии хизматрасониҳои авиатсияи шахсӣ бидуни зарурияти ғорати бонк имконпазир мегардонад, дар ин ҷо вуҷуд дорад. Ба шумо танҳо зарур аст, ки ба яке аз рейсҳои гузаронидании мусофиркашонони ҳавоии шахсӣ биафтед.

Не можете себе позволить летать на частном самолете? Вот как перегонные рейсы делают мечту реальностью

Дар ҷаҳони авиатсияи шахсӣ як истилоҳи Empty legs вуҷуд дорад, ки парвози ҳавопаймои шахсие, ки дар канораш касе нест (ақаллан, то ба лаҳзае ҳозиршавии шумо), маъно дорад. Операторони чартерӣ онеро дарк карда, ки кишти бидуни мусофирон ё ин ки ягон бор ба истгоҳаш бояд баргардад, рейсро ба иҷора месупоранд. Ҳамин тавр, мусофиркаш имконият дорад, ки дар рейси яктарафаи ягон кас, даромади иловагиро ба даст оварад ва мусофир, бошад, – ба ҷаҳони шахсони бою машҳур бо нархи нисбатан арзон дахлдор шавад.

Омор аз он гувоҳӣ медиҳад, ки таваҷҷӯҳи асосӣ нисбати иҷораи рейсҳои гузарониданӣ дар Аврупо ба мавсими сайёҳӣ рост меояд. Дар ин вақт тариқи ҳавопаймои шахсӣ бо нархи 75% кам аз арзиши стандартии иҷораи киштӣ парвоз кардан мумкин аст. Вале, бисёр сайёҳон тартиби кори системаи empty legs-ро бо мушкилӣ мефаҳманд ва ҳақиқат будани чунин пешниҳоди шавқоварро шубҳа мекунанд.

Мутахассисони авиатсияи шахсӣ шарҳ медиҳанд: «Нақшаи empty legs имконият медиҳад, ки парвоз бо нархи хеле арзон нисбат ба арзиши иҷораи одатӣ амалӣ карда шавад. Дар ҳақиқат, нархгузорӣ дар рейсҳои гузарониданӣ хеле зиёд демократӣ буда, дар бисёр вақт бо нархи чиптаи дараҷаи якӯми рейси доимии ширкатҳои ҳавоии тиҷоратӣ мутобиқ мебошад. Вале муҳимаш он, ки мизоҷон бояд маҳдудиядҳои иҷораи рейсҳои бозгаштро дуруст фаҳманду дарк кунанд».

Рейси холӣ он вақт ташкил меёбад, ки ҳавопаймои шахсӣ парвози яктарафаро иҷро карда, ба фурудгоҳи қарордориаш бармегардад ё ин ки ба ҷои нав бо мақсади гирифтани мусофирони рейси навбатӣ парвоз мекунад. Дар натиҷа рейси репозитсионӣ бо тахфифи назаррас ба амал мерасад, ки дар акси ҳол ҳавопаймои шахсӣ холӣ парвоз мекард.

Нархи чунин парвоз метавон хеле шавқовар бошад, зеро мусофиркаши ҳавоӣ, оператори чартерӣ ё ин ки соҳиби киштии ҳавоӣ омода аст, ки ҳавопаймоии шахсиро ба иҷора супорад, то ин ки ақаллан қисман хароҷотҳои истифодабариашро подош намояд. Вале рейси гузарониданӣ ба осонӣ метавон тағӣир ё қатъ карда шавад, масъалан дар вақте, ки иҷорагирандаи рейси ибтидоӣ тағӣир додани вақту хатсайрро хоҳиш мекунад. Ва, албатта, empty legs танҳо парвози яктарафаро дар назар дорад, бинобарин, ба шумо эҳтимолан зарур мегардад, ки опсияи мазкурро бо харидани чиптаҳои ҳавоии одатӣ барои бозгашт аз сафар ҳамроҳ намоед.

Не можете себе позволить летать на частном самолете? Вот как перегонные рейсы делают мечту реальностью

Албатта, нархи рейси бозгашт бо нархи чиптаи дараҷаи сарфавӣ баробар шуда наметавонад, вале агар шумо дар дохили гурӯҳе иборат аз 8-10 нафар парвоз мекунед, хароҷотҳои тақсимшударо ҳатто шахси дорои даромади миёна бардошта метавонад.

Чӣ тавре, ки дар боло қайд гардида буд, тобистон – ин мавсими аз ҳама ҷӯшон барои авиатсияи шахсӣ мебошад, бинобарин маҳз дар ин давра интихоби рейсҳои гузарониданӣ аз ҳама калон ба назар мерасад. Масъалан, гурӯҳи сайёҳон барои парвоз кардан байни шаҳрҳои машҳури Аврупо empty leg-ро ба иҷора гирифта метавонад ва дар ин сурат хароҷотҳои ҳар як мусофир шояд аз 400 евро зиёд нашавад. Масъалан, рейс аз фурудгоҳи Лутони Лондон ба бандари ҳавоии Амстердам – Схипхол дар канори киштии шашкасаи Beech 390 бо нархи 2500 евро мефарояд ва парвоз аз фурудгоҳи Станстеди Лондон ба Порис дар канори киштии хеле машҳури 16-касаи Gulfstream G550 тахминан арзиши 6300 евроро ташкил медиҳад. Ва агар шумо дар миёнаи ҳафта озод ҳастед ва ба Аяччои ҷазираи Корсика рафтанро хоҳиш дошта бошед, шумо метавонед инро танҳо баривази 250 евро ба амал расонед ва зиёда аз 13 000 еврои парвози одатӣ тариқи ҳавопаймои шахсӣ сарфа намоед. Ва агар шумо омода бошед, ки ду ҳафта интизор шавед, ба шумо рейс ба Сьони швейсарӣ бо нархи кам аз 1000 евро барои як ҷой дар рейси гузарониданӣ албатта муяссар мегардад.

Не можете себе позволить летать на частном самолете? Вот как перегонные рейсы делают мечту реальностью

Дар сомонаи ширкати Cofrance SARL (TM AVIAV) бобби махсуси empty-leg қарор дорад, ки дар он даҳҳо рейсҳои гузарониданӣ ҷамъ карда шудаанд. Дар ин ҷо тариқаҳои ҳаргуна, минҷумла рейсҳои дарозиашон хурд дар Аврупо оварда шудаанд, ки ба мусофир ҷиҳати ба муҳити бошаҳамати ҷиддии авиатсияи шахсӣ ғӯтавар шудан имконият медиҳад. Албатта, камбудии асосии empty legs – ин рейсҳои яктарафа мебошанд, ки бинобарин, чӣ тавре дар боло қайд гардида буд, ҷиҳати бозгашт ба хона мустақилона чораҷуӣ хоҳад кард, вале, аз он иқрор шавед, ки дар ҳаёт нисбат ба андармонӣ дар Соҳили Лоҷвардии Фаронса ҳолатҳои хеле даҳшатноктар ҳам вуҷуданд.

Албатта, боз як савол боқӣ мемонад: «Оё зарфи стандартии шампанро дар канори рейси гузарониданӣ мисли иҷораи стандартии ҳавопаймои шахсӣ интизор шудан мумкин ё не?». Ҷавоб: «Бале!». Операторони чартерӣ иброз мекунанд, ки хӯрокаи канорӣ ба мизоҷи рейси бозгашт мисли ба ҳар кадом мизоҷӣ парвози одатӣ дастрас мебошад. empty legs стюардессаро надорад, вале аз ду сарнишинони ҳузурдошта, яктояшон метавонад ба шумо нӯшокиҳо, шампан ва хӯришҳоро пешниҳод кунад.

Ва боз як саволи аҳамиятдоштаи ҳамаи шахсоне, ки ҳавопаймои шахсиро ба иҷора мегиранд. Масъалан шумо ба истифодаи муваққатӣ киштии Род Стюартро гирифтаед, оё дар бораи ин оператор шуморо хабардор мекунад ё не? – Не, мо маълумотро дар бораи соҳибмулкон фош намекунем, – мегӯяд намояндаи брокери чартерӣ. Аммо, маълум аст, ки ҳавопаймои шахсӣ ба шахсони машҳур тааллуқ дорад.

Фаҳмидан зарур аст, ки empty legs – ин муодила дорои номаълумҳои зиёд мебошад, вале агар шумо омода ҳастед, ки фасеҳиро зоҳир намоед ва боварӣ доред, ки системаи асабии шумо тағӣиротҳои эҳтимолиеро, ки дар дақиқаи охирин метавонанд ба нақшаи парвоз дароварда шаванд, дуруст қабул мекунад, дар ин ҳолат иҷораи рейси гузарониданӣ фурсати беҳтарини истифодаи хизматрасониҳои авиатсияи шахсӣ бо нархҳои хеле дастрас хохад гашт.

Не можете себе позволить летать на частном самолете? Вот как перегонные рейсы делают мечту реальностью

Агар, айни ҳол хоҳиш доред, ки рейси гузарониданиро дарёфт кунед, шумо метавонед шакли махсусро дар сомонаи ширкати Cofrance SARL (TM AVIAV) истифода баред, ба таври алтернативӣ – метавонед бо мутахассисони брокер тамос кунед, то ин ки операторон маълумоти актуалиро дар бораи вуҷуд ва нархи парвозҳо ба шумо пешниҳод кунанд.

Did you like this? Share it!