Blog

Хатсайрҳои машҳуртарини рейсҳои гузарониданӣ

Шахсоне, ки барои дар ҷаҳон сафар кардан ҳавопаймои шахсиро интихоб мекунанд, мустақилона ҷадвали сафарҳоро муқаррар мекунанд ва, дар бисер ҳолатҳо, парвозҳо тибқи ниёзҳои онҳо, баръакс не, адаптатсия карда шудаанд. Чунин сайёхон метавонанд дар ними ҷаҳон парвоз карда, худи ҳамон рӯз ба хонаашон баргарданд ва метавонанд ҳавопаймои шахсиро ба иҷора гиранд, то ин ки муддати як шабонарӯз байни чанд шаҳрҳо, бо фарорӣ дар як қатор мегаполисҳои континент, сафар кунанд.

Масъалан, дар Аврупо талаботи ҷиддӣ ба хатсайрҳои зерин рост меояд.

  1. Женева – Порис (Ле-Бурже)

Хатсайри Женева – Порис (Ле-Бурже) дар Аврупо аз ҳама машҳур мебошад: дар соли 2017 тариқи хатсайри мазкур 3357 рейсҳо дар канори ҳавопаймоҳои шахсӣ иҷро карда шудаанд. Он асосан байни мизоҷони корпоративие, ки муддати тамоми сол байни ҳардуи ин шаҳрҳо ҳаракат мекунанд, машҳур мебошад. Аз ҷумлаи сабабҳои асосии маъруфияти хатсайр, амалдории шумораи зиёди бонкҳо ва ташкилотҳои бузурги байналмилалиро дар Женева ҷудо кардан мумкин, Порис, бошад, маркази фаъоли иқтисодию маърифат ба ҳисоб меравад. Харду мегаполис аз тамоми ҷаҳон сайёҳонро ҷалб менамояд, зеро маҳз дар ин шаҳрҳо ҳар сол чорабиниҳои калон, вохӯриҳо, семинарҳо ва намоишгоҳҳо: Автосалони байналмилалии Женева, Ҳафтаи муди Порис, ярмаркаи байналмилалии санъати муосири Art Paris Art Fair ва як қатор воқеъаҳои дигари муҳим баргузор мегарданд. Дар зимистон Женева дарвозаи осоишгоҳҳои лижанаварди кӯҳии Швейтсария ва Фаронса ба ҳисоб меравад.

Парвоз аз фурудгоҳи Женева ба Ле-Буржеи Порис як соат давом медиҳад ва барои ба иҷора гирифтани ҳавопаймои шахсӣ ба шумо танҳо зарур аст, ки бо мутахассисони ширкати Cofrance SARL (TM AVIAV) тамос кунед.

Хатсайри давродавр дар канори киштии шахсии Mustang аз фурудгоҳи GVA-и Женева ба Ле-Бурже-и Порис (LBG) тахминан аз 4290 евро арзиш дорад. Рейси бозгашти empty legs нимаи арзиши овардашуда сарфа карданро имконият медиҳад.

  1. Порис (Ле-Бурже) – Нисса

Порис (Ле-Бурже) – Нисса –  хатсайри дуюми машҳуртарини Аврупо мебошад. Соли 2017 тариқи он 2178 рейсҳо иҷро карда шуданд. Аксарияти мизоҷони авиатсияи шахсӣ, пеш аз самтҳои дигари аврупоие монанди Нисса, Канн ё Монако ташриф овардан, одатан дар Порис ба замин мефароянд. Ҳақиқатан, Порис дар роҳи дарозмагистралии парвозҳои байналмилалӣ аз ИМА, Амрикои Лотинӣ ва Осиё ба Аврупо истгоҳи бомантиқ мебошад. Пойтахти Фаронса ба Соҳили Лоҷвардие, ки аз май то ба сентябр, аз фестивали синамоии Канн то ба Гран-прии Формулаи-1-и Монако, ки ба туфайли онҳо мавсими сайёҳӣ оғоз мегардад, махсусан машҳур буда, дарвоза ҳисобида мешавад.

Ҳамчунин, Нисса ба Монако даромади асосӣ дониста мешавад, ки ба онҷо сайёҳони пулдор чархболи шахсиро ба иҷора гирифта, расида метавонанд. Рейси индвидуалиро тариқи ҳавопаймои шахсӣ ё чархбол, ҷиҳати аз сатҳи беҳамтои бароҳатӣ ва мусофиркашонии ҳавопаймоӣ бо нархҳои беҳтарини бозор истифода бурдан, брон кунед.

Ҳавопаймои шахсии Cessna Citation Mustang аз Ле-Буржеи Порис ба фурудгоҳи Нисса – Соҳили Лоҷвардӣ тахминан якуним соат парвоз мекунад. Нархи парвози дутурафа аз 6300 евро оғоз мегардад, рейси гузарониданиро, бошад, бо тахфифи назаррас брон кардан мумкин аст.

  1. Москва (Внуково) – Нисса

Бо рақами 2013 парвозҳои шахсӣ дар як сол рейси Москва (Внуково) – Нисса дар рейтинги хатсайрҳои машҳуртарини Аврупо ҷои сеюмро ишғол менамояд. Ҳавопаймоҳои шахсӣ аз фурудгоҳи Внуковои Москва ба бандари ҳавоии Нисса – Соҳили Лоҷвардӣ бо мунтазамии ҳасадовар парвоз мекунанд, зеро аз давраҳои империявӣ аристократҳо дар Ривераи Фаронсавӣ истироҳат карданро дӯст медоштанд. Ҳамчунин, ҳамватанони мо Ниссаро чун дарвоза ба Монако истифода мебаранд, зеро ҳарзамон дар фурудгоҳи осоишгоҳи фаронсавӣ ба замин фаромада, ба канори чархболи шахсӣ савор мешаванд ва ба подшоҳии хурд равон мешаванд. Росияноне, ки ба Нисса парвоз карда омаданд, ҳарзамон кӯшиш мекунанд, ки зимни як сафар ба чанд самтҳои аврупоӣ, масъалан, Ибиса ё Олбия, пас аз будубоши кӯтоҳмуддат дар Соҳили Лоҷвардии Фаронса ташриф оваранд.

Citation XLS-ро ба иҷора гиред ва 3 соату 55 дақиқаҳои наздикро зимни сафар аз фурудгоҳи Внуковои Москва то ба фурудгоҳи Нисса бо бароҳатӣ гузаронед. Парвози дутарафаи мазкур арзиши таҳминан 30 630 евро дорад. Агар чунин хароҷотҳо барои шумо аз ҳад зиёд баланд мебошанд, кӯшиш кунед, то ин ки empty legs-ро ба иҷора гиред, ки ин тадбир дар бисёр ҳолатҳо бо нархи чиптаи дараҷаи якӯми рейси ҳавопаймоии тиҷоратӣ мутобиқ мебошад.

  1. Женева – Нисса

Дар ҷои чорӯми рейтинг сафари 50-дақиқа аз Женева ба Нисса қарор дорад – 1811 парвозҳои харсола дар канори ҳавопаймоҳои шахсӣ. Ба ғайр аз сафарҳои доимии хидматӣ ва ташрифҳои тиҷоратӣ, рейсҳо дар ҳарду самтҳо барои рухсатиҳои тобистонаю зимистона машҳур мебошанд. Женева байни Фаронса ва як қатор осоишгоҳҳои лижанавардии беҳтарини Швейтсария истгоҳи олиҷаноб мебошад ва Нисса, бошад, имкониятҳои беҳамтои истироҳати соҳилавиро дар маҳали баҳримиёназаминӣ ва наздикиро ба Подшоҳии боҳашамати Монако пешниҳод мекунад.

Иҷораи ҳавопаймои шахсии Mustang барои парвози ҳардутарафа (Женева – Нисса-Соҳили Лоҷвардӣ) тахминан 4270 евро арзиш дорад. Агар ба шумо парвози яктарафа кифоя мебошад, шумо метавонед аз аксияҳо бохабар шавед ва рейсҳои дастраси empty leg-ро ҷустуҷӯ кунед, то ин ки тариқи иҷораи рейси бозгашт сарфакорӣ намоед.

  1. Лондон (Лутон) – Порис (Ле-Бурже)

Ва рейси охирин, вале на кам машҳуртарин аз фурудгоҳи Лутони Лондон боз ба Ле-Буржеи Порис дароз кашидааст: 1550 рейсҳо дар як сол. Ширкати Cofrance SARL (TM AVIAV) ба мизоҷоне, ки байни ин марказҳои аврупоӣ доир ба кор, барои истироҳат ва ҳатто барои хушнудӣ парвоз мекунанд, мунтазам кӯмаки индивидуалиро пешниҳод мекунад.

Иҷораи ҳавопаймои шахсӣ – тариқаи оптималӣ барои сайёҳони пулдоре, ки як соати ҳаёти худро омодаанд барои парвоз сарф кунанд, вале намехоҳанд, ки вақти зиёди пурқиматаашонро дар фурудгоҳҳои тиҷоратӣ аз даст бой диҳанд. Дар бисер ҳолатҳо, маҳз дар ин хатсайр рейсҳои empty legs бо нархҳои хеле шавқовар дастрас мебошанд.

Парвози стандартии дутарафа дар хатсайри Лондон (Лутон) – Порис (Ле-Бурже) дар канори ҳавопаймои шахсии Citation Mustang арзиши 5530 евро дорад.

Агар шумо зарурият доред, ки парвозро дар яке аз самтҳои мушҳуртарини Аврупо ё ҳар кадом самти дигар брон кунед, бо мутахассисони ширкати Cofrance SARL (TM AVIAV), ки вобаста аз ниёзҳо, хоҳишҳо ва буҷаи шумо тариқаро интихоб менамоянд, тамос кунед.

Did you like this? Share it!